БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи ҲХДТ мусоидат намудан ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифӣ намудани ҳунармандони асили тоҷик мебошад

ВОСЕЪ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва корманди масъули Кумита Манучеҳри Хуршед иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, омӯхтани ҳунарҳои миллӣ  бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳунарманд агарчи норасоии зиёд дошта бошад, бо дастранҷи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст чизе офарида,  дигаронро  ба ҳайрат гузорад.
Бекорӣ-вабои тан аст мегӯянд. Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард, дастболо буд, муҳтоҷ нагардид, зеро ҳунари воло нишондиҳандаи бузургии кас аст. Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад.

Дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои миллӣ ва таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, шакароб, кочӣ, далда, кадубашир ва боҷак ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Инчунин, масъулин дар бораи озмунҳои ҳизбӣ, ки ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, ҳарф зада, иштирокдоронро, ки бештари онҳоро занону бонувони ҳунарманд ташкил медод, барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg