БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи талаботи қонун омили пешрафту шукуфоист

ВАХШ. Кумита и иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Суғурта» хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Танзими анъана ва ҷашну маросим» доир кард.

Сараввал муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил дар назди хозирин ба сухан баромада кайд намуд, ки максад аз ворид намудани тагиру иловахо ва қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ мардуми сарбаланди кишвар мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ ва роҳандозӣ намудани сарфаву сариштакорӣ мебошад, сухан карда, афзуд, ки он маблағҳое, кидар ҷашну маросимҳо сарфу хароҷот менамоянд, беҳтар мешуд Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои ободонии маҳали зист ва баланд гаштани сатҳи зиндагии сокинон нигаронида шудааст, барои обод кардани манзиле, сохтани биноҳои маишиву хизматрасонӣ дар маҳали зист, таъмири роҳу пулҳо, таъмини оби нӯшокӣ, ёрӣ расонидан ба шахсони муҳтоҷу бемор ва саҳм гузоштан дар таъмиру тармими муассисаҳои таълимиро ба уҳда гиранд.

Дар асоси тағйироти қабулшуда, аз ин баъд дар Тоҷикистон забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маъракаҳои азодорӣ, аз қабили ҳафту чил ва сол манъ шуда, маросими тӯйи хатнаи кӯдакон бидуни даъвати санъаткорон баргузор карда мешавад

Дар охир суханронии Ҷалилов Исмоил ба иштирокчиён писанд омада, ҷорӣ шудани қонуни мазкурро мардум алакай дар солҳои охир ҳис карданд ва бо шарофати қонуни танзим зиндагиашон беҳтар шудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg