Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандист ҳар як сокинони мамлакат мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла сафарбар  кардани  сокинон ба сарфаву  сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ баромад намуда, қайд кард, ки тавре медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ  мебошад. Ҷойи зикри хос аст, ки зимни баёни Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд гардид, ки имсол дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ  пурра бардошта шуд ва мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ  хеле наздик шудем. Ин дастоварду  комёбии бузург боиси  шукургузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg