БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ нақши калидӣ дорад

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия ҳамоиш таҳти унвони «Нақши ҷомеа дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия Тағоаймуродзода Санифа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода, кормандони прократура, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия иштирок карданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа кушода, мақсад аз ҷамъомадро ба ҳамагонфаҳмонид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зидди кррупсионӣ дар онҳо» маърўза кард.

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ноҳия Маҳмудов Иброҳимдар бораи аз нигоҳи дини ислом ҷоиз набудани пораро ба ҷамъомадагон  фаҳмонид.

Тағаймуродзода Санифа аъзои комиссияи ҷамъиятиро ба чорабиниҳои дарпешистодаи комиссияи  ҷамъиятӣ ба муқобили коррупсия шинос намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg