БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Идеяҳои ҳизби мо сокинонро ба созандагиву бунёдкорӣ равона намудааст

ПАНҶ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал дар ҳамаи деҳаҳаои ҳудуди ноҳия вохӯрии кормандони масъули ҲХДТ бо сокинон доир гашта истодааст.

Ин навбат чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар маҳаллаи Ваҳдатободи ҷамоати деҳоти Мехвар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби маҳал баргузор гардид. Чорабинии сокинони маҳал бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, дар он сокинон ҳунару истеъдоди худро аз қабили кашидадӯзиҳо, чубтарошӣ, оҳангарӣ ва маҳсулотҳои кишоварзию хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузоштанд, ки ҷолиб буданд.

Зимнан баромадкунандагон моҳият ва аҳамияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои муҳими давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон фаҳмониданд.

Баъдан, Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва анҷом додани корҳои хайру сахо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ибрози андеша намуд. Бо қувваи сокинони маҳал дар ин чорабинии сиёсӣ ба 3-оилаи маъюбон кӯмакҳои хайриявӣ аз қабили маводҳои хӯрока ва сару либоси зимистона расонида шуд.

Дар охир, наврасону ҷавонони деҳот бо барномаи фарҳангии худ, ки дар он шеърхонӣ дар васфи Ватан, Модар, Пешвои миллат, истиқлолият ҷой дода шуда буд, таъби ҳозиринро болида намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg