БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ниҳоди ҷавонон асолати миллиро бедор месозем

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Абуалӣ ибни Сино” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо занон  Ҳакимова Волида иштирок карданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ сафарбар  кардани  сокинон ба сарфаву  сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки Тоҷикистони муосир дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро пайдо карда, дар ҳалли масоили марбут ва минтақа нақши муҳим дорад. Мавқеи Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлоли осудаву ором эътироф гардидааст. Ин омилро ба риштаи таҳлил кашида, бурду бохти кишварамонро дар зарфи зиёда ду даҳсолаи охир пеши рӯ биорем, марҳила ба марҳила муқоиса кунем хидматҳои арзандаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пеши назар меоянд. Зеро ӯ аз лаҳзаҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш ба қувваҳои солими ҷомеаи халқ такя карда, давра ба давра мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеаро ҳал карда тавонист. Хоҷагии халқи аз инкишоф бозмонда, сохторҳои ҳукуматии фалаҷ гардидаро  фаъол гардонид ва битаҷрид шароити  созкороро баҳри оғози муътадил гардонии вазъи буҳрони ҷомеаро ба вуҷуд овард. Воқеанҳам ин арҷгузори асоси муътамад дошта Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои аҳдофи стратеги мушахас мебошад, ки амали   намудани  онҳо ба вазъи иқтисоди робитаи давлатҳои минтақа ва ҷаҳон  таъсири мусбат мерасонад. Читавре ба мову Шумо маълум аст бо дастгириҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ  ба наздики   чархи аввалини НОБ- и Роғун ба кор медарояд, аз бунбасти камуникатсиони баровардани  кишвар ҳам дар арафаи анҷомёби аст. Танҳо аз ҳисоби таъмин кардани  амнияти энергетикӣ  ва фаъол шудани лоиҳаи «Кассаҳазор» буҷаи давлат  ба маротиб зиёд мешавад. Раванди  аз кишвари агросаноати ба кишвари саноати аграрии табдил додани Тоҷикистони офтобруя вусъат гирифта,  дастовардҳои иқтисодӣ кишварамонро  дучанд хоҳад кард.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg