БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расидан ба қадри арзишҳои фарҳангӣ вазифаи мост!

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Мулёби ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли тақвияти робитабо маҳал бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Қурбонзода Шифо кушода, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашнҳои пурифтихори миллат раҳнамоӣ намуд.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷалбиҷавонон ба ҳунару ҳунармандӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва шиддати бекорӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои террористӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф зада, онҳоро барои иштирок дар корҳои созандагиву ободонӣ даъват кард.

Дар охир бо пешниҳоди масъулин ва дастгирии сокинон дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, якчанд нафар барои шомилшудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg