БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд

КУШОНИЁН. Чорабинии сиёсиву фарҳангии ҳизб, бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили 24 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар маркази ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа баргузор гардид.

Сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа дар чорабинии фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ, аз қабили аз анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдузӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимни баргузории чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара оид ба таърих ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бахтномаи миллат, самтҳои афзалиятноки ҳизб, тарбияи ҷавонон дар роҳидурусти ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободонӣ андешаронӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg