БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи қонуни танзим – омили пешгирӣ аз зиёдаравӣ

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари ҷар” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ Валиева Саъбагул  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари ҷар” Нозимов Абдулвоҳид иштирок ва ибрози андеша намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар зарфи 27 сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати заҳматҳои софдилона дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Яке аз тадбирҳои муҳиме, аз ҷониби давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти олии мамлакат барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум андешида шуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону барҷомондагон равона шудааст, гуфта шуд дар идомаи суҳбат.

Илова гардид, ки бо вуҷуди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ҳанӯз ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ҳолатҳои риоя нагардидани талаботҳои қонуни мазкур ба мушоҳида мерасад.

Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки бояд шаҳрвандон бо дарки баланди масъулият тибқи талаботҳои қонуни танзим ҷашну маросимҳои худро доир намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg