БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро молиячиён дастгирӣ намуданд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молиячиён” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат¸ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, ки рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ анҷом доданд, андешаронӣ кард.

Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028” ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, афзуд, ки мақсади асосии баргузории Аксияи мазкур дар якҷоягӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла шахсони саховатманду хайрхоҳ, ватандӯст дасти кӯмак дароз намудан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, обод кардани маҳали зист, сохтмони биноҳои маишиву хизматрасонӣ, таъмири роҳу пулҳо, маблағҳое, ки дар ҷашну маросимҳои хурсандиву азодорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ хароҷот намудан иборат мебошад.

Дар охир ҷамъомадагон сухунарониҳои судманди  Ваҳобиддин Абдуллоевро якдилона пазируфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg