БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон нахустомӯзгори миллатанд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулрез”-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо фаъолону аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, гиромидошти муқадассоти миллӣ, аз ҷумла оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстии байни миллатҳои тоҷику ӯзбек ва туркменҳо ва дастовардҳои даврони истиқлолият, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, андешаронӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур вакили ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Худойқулова Меҳрӣ низ иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо фаъолони деҳот ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд,ки баҳри дар оянда амалӣ гардидани ҳадафҳои барномавии он ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg