БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад оид ба омода намудани варзишгаронӣ сатҳи касбӣ ва парчамбардорон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории мусобиқаҳои дараҷаҳои гуногун, рушди намудҳои варзиш ва муайян намудани дастаи якачин, риоя ва тарғиби қонунҳои миллӣ, ба кор оғоз намудани чархаи аввали НБО-и Роғун ва моҳияти стратегии он, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар масоили об, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуд.

Зимнан мавсуф иброз дошт, ки ба варзиш ҷалб намудани ҷавонону наврасон яке аз усулҳои фаъол ва самараноки пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ маҳсуб мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg