БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия рамзи хушбахтиву озодӣ

ВАХШ. Конститутсия рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо мебошад. Конститутсия кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён» мизи мудавар дар мавзӯъи “Конститутсия рамзихушбахтиву озодӣ” доир карда шуд.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни асосӣ», «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонунҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.

Инчунин, муовини шуъбаи маорифи ноҳия А. Пиронов аз қабул ва тағйиру иловаҳо ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26-уми сентябри соли 1999, моҳи июли соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.  Мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Т. Комилова ибрози андеша намуда, чунин қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад ва санади ифодакунандаи мақсаду орзуи тамоми халқи Тоҷикистон мебошад. Конститутсия инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас эълон кардааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳсутун ва шиносномаи давлат буда, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Тоҷикистон аст. Ба мо зарур аст, ки ҳар як калима ва сатри «Бахтнома»-ро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg