БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳамаҷо арҷманд аст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи 6-уми ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба падару модарон фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар бораи озмунҳои ҳизбӣ, ки  ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, ҳарф зада, иштирокдоронро,ки бештари онҳоро занону бонувони ҳунарманду чирадаст, кишоварзони асил ташкил медод, барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg