БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадаф мо - ҳидояти мардум ба риояи қонунҳои миллӣ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Баҳор» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қабули аъзоён ба сафи ҳизб бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София ва 33 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр дар сатҳи баланд чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир гардонида шуд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур Сабурзода Насим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд намуд, ки Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гаронро ба сари мардуми Тоҷикистон овард.Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯйу маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро оқилона дарк намуда, моҳи майи соли 2007 бамаврид таъкид карданд: «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд».

Мо мардуми тоҷик хушбахт ҳастем, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати пешрафтаву ташабускор шинохта шудааст.

Дар ин замина, яке аз иқдом ва ташаббуси муҳимми роҳбарияти кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсию иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиби дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қабул намудани қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg