БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён ба деҳа хати оби ошомиданӣ мекашанд

ХОВАЛИНГ. Аз суҳбати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони деҳаи Чашмабедаки ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеояд, ки мардум барои пайдо намудани маълумот дар бораи дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, рафти иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, хатарҳои замони муосир – мусаллаҳшавии бошитоб, марҳалаи нави ҷанги сард, раванди бартариҷӯии давлатҳои абарқудрат, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тунгаро, гаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, қонунҳои миллӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, бемориҳои хавфноки сироятӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Мутахасиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш. Набиев ба ҳозирин дар бораи ҳар як самти афзалиятноки фаъолияти ҳизб хеле соддаю фаҳмо маълумот дода, вазифаи ҳар як фардро дар иҷрои онҳо фаҳмонид. Кайд намуд, ки иҷрои талаботҳои самтҳои мазкур ба ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шахс вобастагӣ дорад.

Мавсуф дар баромадаш дар бораи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 - солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон малумот дода, ҳамагонро барои сазовору арзанда пешвоз гирифтани санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ руҳбаланд ва ҳидоят намуд.

Расонидани хушхабар дар бораи дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода додани чархаи аввали НБО-Роғун аҳли нишастро хеле хурсанд кард.

Тазаккур дода шуд, ки сокинони мамлакат бо амали сарфакоронаашон дар истифодаи нерӯи барқ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд.

Намоиши ҳунарии ташкилнамудаи сокинони маҳал ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо номгӯ ва рангорангӣ писандӣ ҳозирин шуд. Ҳунармандони деҳа азм доранд, ки маҳсули дастони пурэъҷози худро дар маркази ноҳия, минтақа ва вилоят ба намоиш гузоранд.

Дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзои ҲХДТ дар деҳа тасмим гирифтанд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон қубурҳои хати оби ошомиданӣ насб кунанд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg