
КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки сокинон ва кормандони масъули ҳизб роҳандозӣ гардид.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз рафти чорабинии мазкур, ки дар он сокинон маҳсули ҳунари дастии хешро ба маърази тамошо гузоштанд, дидан намуданд.
Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо иқдоми Сарвари давлат, ки соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид ва дар ин росто қариб, ки дар бисёр деҳаю маҳаллаҳои атрофи шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ роҳдандозӣ шуда, боз рафти ин чорабиниҳо мунтазам идома доранд.
Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо бо мардум аз як тараф дар замири онҳо бедор кардани завқи баланди ҳунармандию ҳунаромузӣ, эҳёи ҳунарҳои дастӣ, анъанаҳо ва суннатҳои қадимаи мардумии моро нишон диҳад, аз ҷониби дигар барои ғанӣ гаронидани буҷаи оилаи худ шароит фароҳам меорад. Ин раванд нишон медиҳад, ки дар мамалакат фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил ҳукумфармо буда, мардум барои зиндагии босаодати худ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сайъу талош карда истодаанд.