БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумиро эҳё мекунем!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ривоҷу равнақ додани он, бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар байни занон ва духтарон деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста мулоқоту вохӯриҳо баргузор шуда истодааст. Бо ин мақсад дар маҳаллаи Қазоқободи ҷамоати дехоти Маданияти ноҳия вохӯрии баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола иштирок дошта бо занон ва духтарони ҳунарманди маҳаллӣ оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари духтарон ба ҳунаромӯзӣ, ҳарчи бештар омода намудани маҳсулотҳои дастие, бо маҳсулотҳои дар бозорҳои маҳаллӣ ҷойдошта рақобатпазир бошанд, суханрони намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки ҳунар зиндагиро зебой мебахшад. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро хар замон обест зулолу ошомиданй. Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми карнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сӯзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунархои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg