БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сохтмони Роғун идеяи миллии мост!

БА ИСТИҚБОЛИ БА КОР АНДОХТАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО «РОҒУН». Нахуст, ба кор даромадани агрегати якуми иншооти аср-НБО «Роғун»-ро, ки рӯзҳои наздик сурат мегирад, ба мардуми сарфарози тоҷик мубораку фархунда мегӯям.

Бунёди НБО «Роғун» орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва имрӯз ин орзу, ки ба кӯҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи сабз ба бар мекунад. Ин нерӯгоҳ парвардаи афкор (идея)-и кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. ҲХДТ сарпарасти маънавии бунёди ин иншооти бузург буда, оғози кори онро басо хушоянд ва пурҷило ба ҳамагон таҳният мегӯяд.

Созандагӣ яке аз идеяҳои миллии тоҷикон аст ва сохтмони «Роғун»-ро дар ин замина метавон идомаи мантиқии ин идея номид. Дар бораи «Роғун» хеле зиёд гуфтанду мегӯянд, вале ёд меояд, ки расо 14 сол муқаддам, зимни суханронии худ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба як нукта хоса ишора намуда буданд ва аз ҷумла, таъкид доштанд: «Рӯҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо дорои хусусиятҳои хос ва асил аст. Ин нерӯ бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди васеъ ва созанда мисли гӯшгу нохун пайванд ёфтааст. Аз ин ҷиҳат фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иҷтимоишудаи Рустами Дастон, Сӯҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз - Куруши Кабир, Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо таърихан бунёди нерӯманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст».

Дақиқан, дар идома метавон афзуд, ки кунун ин нерӯ дар симои шахсияти барҷастаи таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуи пурраи худро ёфтааст.

Ҳифзи истиқлолият ва аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз ормонҳои волою бузурги Пешвои муаззами миллати мост. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати наку, шараф, номуси мардонагӣ ва дасту дилу нияти пок доштани ин шахсият имрӯз мусоидат кардаанд, ки мо, мардуми саодатманди тоҷик, шоҳиди ин ҳодисаи таърихӣ гардида истодаем.

Баъдан, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони Ватан бо назардошти ҷавонмардӣ ва ифтихори миллӣ ин талошҳои роҳбарияти Давлат ва Ҳукуматро дуруст дарк кунанд.

Ҳукумати мамлакат ба сохтмони «Роғун» афзалияти махсус медиҳад. Ин иншоот ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиёт, равнақи иҷтимоъ ва дар маҷмуъ, паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши бориз ва ниҳоят муҳим дорад. Обанбори нерӯгоҳ барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои фавқулода мусоидат мекунад. «Роғун» яке аз истеҳсолкунандагони асосии «нерӯи сабз» дар минтақа шуда, партовҳои зарарнок ба атмосфераро пешгирӣ мекунад.

Ба чашми сар дидани орзую омоли миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва ба кор оғоз намудани агрегати якуми НБО «Роғун» ба кулли ҳамватанон муборак бод!

Илҳомҷон ҲАМИДИЁН, муовини якуми Раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg