БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо терроризми ҷаҳонӣ решапайванд аст

АНДЕША. Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабии Сурия, Ироқ, Яман ва Ливия амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Авзои нороми ҳамсоякишвари мо Афғонистон бошад, боис гардидааст, ки тамоми террористони дунё он қаламравро ба қавле “хона”-и худ ҳисобанд. Бар асари ин вазъи сиёсӣ дар кишварҳои мазкур ҳанӯз ҳам ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан, зуҳури гурӯҳи «Давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидҳои навро эҷод кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 4-майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри ХХ ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёрӣ худ ҳадафи амалҳои таҳрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмиллалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳадаф ва нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати давлати ба қавли худашон “исломӣ” буд.

Тавре тамоми мардуми Тоҷикистон огоҳ аст, ташкили ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз нақшаҳои харобкоронаи роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ буд. Аъзои ин ташкилоти террористӣ дар он солҳо ба кумаки хоҷагони хориҷии худ мардуми бегуноҳ ба хусус чеҳраҳои саршиносро ба қатл расонда, миллатро пароканда ва давлатро қариб ба нестӣ бурда буданд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ қурбон ва зиёда аз 1 миллион аҳолӣ ҳамчун гуреза дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон паноҳ бурданд.

Мардуми Тоҷикистон ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломиро асло фаромӯш намекунанд, зеро аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз қариб оилае нест, ки хеши наздик, фарзанд ё падару модари худро аз даст надода бошад. Дуои ҳазорон модари тоҷик, ки писарони ҷавони худро дар муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст доданд, роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатро хоҳад гирифт.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани ҳаёти шаҳрвандон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкилоти террористии наҳзат бо терраризм ва ифротгароӣ решапайванди азалӣ дорад ва аз ин мақсади нопоки худ гаштанӣ нестанд. Роҳбарони фирории ҳизбӣ мамнуъгардидаи терористӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ ҳамеша талош меварзанд, ки аз неруи бузурги ҷавонони тоҷик, чӣ дар ватан ва чӣ дар хориҷи он барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки ба ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, хусусан аъзои ташкилоти террористии наҳзат дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, иҷозат надиҳанд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд.

Барои решакан кардани ин вабои аср – терраризм ва экстремизм, махсусан ҷавонон, ки неруи қавии ҷомеа мебошанд, бояд дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошанд.

Раҳматулло САФАРЗОДА – узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, раиси ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg