БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зодагони Бадахшон ҷинояткорони вилоят ва саркардагони онҳоро маҳкум мекунанд

ВОКУНИШ. Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Норак дар баробари аҳолии маҳаллӣ сокинони дигар навоҳии кишвар аҳлона кору фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон, дар гимназияи давлатии №1-и ба номи Абдуллоҳи Алии шаҳр 12 нафар омӯзгорони бадахшонӣ кор ва фаъолият менамоянд.

Мардуми маҳаллӣ нисбати мо муомилаи хуб доранд. Онҳо моро ба тӯю маъракаҳо даъват менамоянд. Мо низ дар ғаму шодии онҳо шарикем. Гарчанде ки волидайни мо аз Бадахшон бошанд ҳам, бештари мо зодаи шаҳри Норак ҳастем. Дар ҳамин ҷо ба воя расида, бо мардуми маҳаллӣ оила барпо намуда, соҳиби фарзандон гаштем.

Муносибатамон бо ҳамкорон, ҳамсоягон хеле хуб аст. Мо худро аз корҳои ободонӣ ва ҷамъиятӣ ҳеҷ гоҳ дур намегирем. Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, онро сармашқи кори худ намудаем.

Бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ истифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ дошта, дар Бадахшон Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҷаласаи якмоҳинаи ин ситод санаи 19.10.2018 тавассути телевизиони якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур шунида шуд.

Мо қонуншиканиҳое, ки дар Бадахшон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша содир гардидаанд, маҳкум менамоем. Дида истодаем, ки ҳарчанд саркардагонашон савганд ҳам ёд карда бошанд, вале аъзе аз ин ноҷавонмардон, аз ҷумла Хурсанд Мазоров аҳдшиканӣ карда, бо ҷалби чанд майзада фитнаву дасиса эҷод карда истодаанд. Чунин нафарон арзиши номи одамиро надоранд ва набояд иҷозат диҳем ин пастфитратон фазои Боми ҷаҳонро ғуборолуд созанд.

Мо дар маҷмуъ хоҳони онем, ки ҳамеша дар ҷумҳуриямон сулҳу амонӣ пойдор бошад ва ҷойи маҳалгароиро миллатдӯстӣ бигирад.

Яке гӯяд, ки аз Боми ҷаҳонам,

Дигар гӯяд, ки аз Хатлонмаконам,

Зи ман пурсанд, ки кистӣ, аз куҷоӣ?

Бигӯям: тоҷикам, тоҷикзабонам!

 

Зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Н. Фароғатзода

Л. Фароғатзода

Р. Ҷалолова

У. Қаландарбекова

З. Хушачинова

М. Хушачинова

М. Шакармамадова

Б. Хушвахтова

У. Чоршанбиева

Н. Танибекова

А. Бекназарова

Ҷ. Файзуллоев

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg