
ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизби ҶДММ «Имон интернешнел» дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар самти баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Тӯйчиева Садбарг баргузор гардид.
Нахуст, Тӯйчиева Садбарг дар назди ҷамъомадагон аз сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашта, дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ фаъолият намудани ташкилотиибтидоии ҳизбии номбурда, хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ва эҳтиром гузоштан ба пули миллӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро бароидар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.