БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқболи шоистаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ҶАЙҲУН. Бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Сарипули ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода дар якҷоягӣ бо фаъолони деҳаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинӣ тамоми ҳунарҳои мардумии дастранҷи ҳунармандони деҳа ба намоиш гузошта шуд, ки таърихи пурғановати миллати тамаддунофари тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод  Обидзода  қайд намуданд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони маҳалларо зарураст, ки истеҳсоли либосҳои миллии мардуми тоҷикро дар хона босифати аъло ба таври замонави тарҳрезӣ ва омода намуда, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд. Чунки мавҷудият ва эҳёи дубораи ҳунарҳои мардумӣ, худ василаи таррануми таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки  мардуми тоҷик баҳисоб меравад.

Ҳамчунин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, ҳозиринро қаноатманд намуданд ва ба суолҳои онҳо вобаста ба масъалаҳои ба миёнгузошташуда, ҷавобҳои амиқ гардониданд.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg