БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри шукуфоии Ватан ва рӯзгори босаодати мардум аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти  Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистону Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан дар қисмати  сиёсии вохӯрӣ  масъулин иштирокдоронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборакбод гуфта, аз таърих ва моҳияти  он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози давлату миллат андешаронӣ намуданд.

Баъдан  дар рафти вохӯрӣ  аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ёдовар шуда, сокинонро барои расидан ба қадри заҳматҳоишабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти Ватан ва зиндагии босаодати  шаҳрвандон, истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии  маблағи хизматрасонии он даъват  карданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg