БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирӣ аз талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он ба манфиати мост

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дарноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марудмӣ  ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ баромад карда, қайд намуд, ки истифодабарандагонро зарур аст, ки барои кам кардани  талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он аз ҷумла тавассути истифодаи васеъи технологияи каммасраф  кӯшиш намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg