БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия санади муқаддаси давлатдорӣ

ФАРХОР. Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер дар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ватандор» ва «Ҳомиён»-и деҳоти Ғайрат вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст,  дар ин чорабинӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар иштирокдоронро бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи райпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида буд, табрику муборакбод намуда, муҳтавои ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллатро  муфассал фаҳониданд.  Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 сухан ронд.

Инчунин, дар мулоқот вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Камолзода Раҳматхуҷа ва Давлатов Ҳабибулло иштирок дошта, аз сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатарҳовари ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  андешаронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони маҳала ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон бо ифтихормандӣ  дидан карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg