БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азизам!

ТЕМУРМАЛИК.  Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Муродбахши  ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев  ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Дар рафти  вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Маҳмадсаид Раҷабзода  дар  бораи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ кард.    

Инчунин,дар вохӯрӣ вакилони ҷамоат  Ҳалимов Мирзоалӣ  ва Холматов Ашӯралӣ  оид ба пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,   риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ карда, сокинонро бо фарорасии ҷашнҳои пурифтихори миллат  шодбош гуфтанд.  

Сипас,  бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 60  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд. Зимни  намоиш   аҳли    заҳмати  деҳаи Муродбахш дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулотҳои кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд. 

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Дар деҳа бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Беҳрӯзи  Элмурод интихоб карда шуд.                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg