БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии раисони ташкилоти ибтидоии маҳал

ПАНҶ.  Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  гурӯҳи корӣ дар ҳайати Файзиев Каримҷон  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Шомаҳмадзода Музаффар  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ бо мақсади  ҳарчӣ бештару хубтар ба роҳ мондани кору фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳал, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии аъзо ва фаъолони ҳизб ҷиҳати додани дастурҳои методӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳвар  ҷаласаи машваратӣ роҳандозӣ намуданд. 

Муҳтавои ҷаласаи мазкур фаҳмонда додани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами  ҳизб  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандона ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бармеоянд, равона гардид.  Ҳамзамон, зимни баромадҳо масъулин  оид ба самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд. Дар ин росто,  оид ба  баргузории озмунҳои ҳизбии «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” қайд карда шуд.

Дар ҷараёни машварати ҳизбӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки  дар баргузории ҷашнҳои муҳими давлатӣ  Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Парчами давлатӣ ва 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаи аъзо ва ҷонидорони ҲХДТ-и маҳалро таъмин намоянд.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ  раисони ташкилотҳои ибтидоии тобеи ҷамоати деҳоти Меҳвар бо маводҳои таблиғотӣ ба монанди дастурамалҳо, овезаҳои «Об барои рушди устувор», санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, брошюраҳо, тақвиму буклетҳо таъмин карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg