БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабиниҳо дар доираи Соли тақвияти робитаи сохторҳои ҳизб бо маҳал

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Бобоқул Хидирови ҷамоати деҳоти  Истиқлол  бо мақсади амалигардонии Соли тақвият бахшидани робита бо маҳал ва татбиқи амалии   Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз сокинони маҳаллаи Бобоқул Хидиров бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор амалӣ намудани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукамалу ҷолиб чунин чорабинӣ баргузор намуданд. 

Чорабинии имрӯза бо  як  ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзу суннату анъанаҳои мардумӣ, рушди корҳои хонагӣ, ташкил ва баргузор гардида истодааст. Инчунин, оид ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар  байни сокинон бо мақсади тарбияи ахолқиву маънавии ҷомеа,  татбиқи  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣандешаронӣ намуд.

Мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродов Раҳмон  атрофи  густариши  урфу  одатҳои  неки  мардумӣ  дар   рушду нумӯи  кишвар ва  тарбияи   ахлоқиву маънавии  ҷомеа  ва  ҷудо  намудани  онҳо аз  хурофоту дигар  амалҳои  зарарнок ҳарф зада,  қайд  намуд, ки  урфу  одатҳои  мардумиро  таҳлил  намоем ва  мавриди  омӯзиш  қарор  дода,  ҳикмату фалсафаи  онҳоро дар  зиндагии  ҳаррӯзаамон мавриди  амал  қарор  диҳем.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили  Маҷлиси  вакилони  ҳалқи  ноҳия  Хидиров  Панҷӣ аз  иштирокдорон,  бахусус  аз  ҷавонон даъват  ба  амал  овард, ки ҷиҳати  тарғиби урфу одат ва  анъанаҳои  мардумӣ ҳамеша  бархудор  шуда, анъанаҳои  неки  ниёгонамонро  дар  тарбияи  насли  ҷавон  самаранок  истифода  намоем.   Истифодаи  дурусти  техналогияи  муосирро  ба  роҳ  монда,  дар  шабакаҳои   иҷтимоӣ,  аз ҷумла  фейсбук  дар  шакли  маҳкум кардани    амалҳои  иғвоангези  хонинони  миллатро ба  роҳ  монда, онҳоро   инъикос  намоянд

    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg