
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод баҳри сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии умумӣ доир гардид.
Дар шанбегии умумӣ иштирокдорон шурӯъ аз ҷойҳои таърихӣ то шоҳроҳи маркзии ноҳия ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тозаю озода карда, дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Мӯъминобод идома доранд.