БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия - маҳсули андешаи миллии мост!

КУШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Заргар»  бо иштироки намояндаи Прокуратураи ноҳия А.Амирзода ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  бо фаъолон ва омӯзгорон бахшида ба таҷлили 24- солагии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъи «Конститутсия - маҳсули андешаи миллӣ» вохӯрӣ доир гардид

Дар вохӯрӣ масъулин қайд карданд, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти  давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории Ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg