БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия – инъикоскунандаи орзуву ормони халқ баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳакимобод” бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳр Исмоилзода Саидмурод ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳозирин ба навбат баромад намуда, қайд карданд, ки Конститутсия, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлативу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои  байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Аз ин рӯ таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg