БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Армуғони хатлонӣ руҳбаландиест барои занону бонувони деҳот

ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина эълон гардидани озмуну Аксияҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳар як зан, модари тоҷикро водор намуд, ки  дар рушди анъанаҳои неки ниёгон  саҳми назаррас дошта бошад. Зеро мо фарҳангу асолати ҳазорсола дорем, ки маҳз тавассути фарзандони ҳунарманди хеш бунёд ва эҳё кардаем.

Бо ин мақсад дар маҳаллаи Ҳамзаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳл мекунем!”  ва эълон гардидани Соли тақвияти  робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg