
ДӮСТӢ. Дар партави баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва кӯчаи марказии ноҳия шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории шанбегӣ саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳрибоз ҳам обод гаштани Ватани азизамон Тоҷикистон буда, дар он аъзои намояндагииТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, дар тозаву озода кардани паҳлуҳои роҳҳо аз алафҳои бегона ва нарм кардани бехи дарахтон саҳми муносиб гузоштанд.
Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, Рeзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябр, ки шаҳодат аз бахту иқболи мардуми Тоҷикистон аст, бо шукргузорӣ аз сулҳи пойдор санаи муҳими таърихиро сарбаландона истиқбол намуданд.