БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вазифаи мост!

ДАНҒАРА. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ доир ба мавзӯъҳои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, барқарорсозии системаҳои обёрӣ, беҳтар кардани сатҳи ҳосилнокии заминҳо, раванди татбиқи ҳадафҳо ва барномаҳои давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028”, аз замин гирифтани накам аз се ҳосил тибқи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард.

Зимнан иброз гардид, ки бо сохта шудани Нақби обёрии Данғара масоҳати заминҳои обӣ васеъ гардида, ба гардиши кишоварзӣ даровада шуд ва бо татбиқи лоиҳаи ВД-3 корҳо идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg