БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон бояд соҳибмаълумоту ватанпарвар бошанд

БАЛҶУВОН.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Солмоли”-и ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бо  сокинони деҳа доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти  робита бо маҳал вохӯрӣ доир намуданд.

 Масъулин  зимни андешаронӣ оид ба татбиқи Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ,ҷалби васеъи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҳамагонро барои анҷоми корҳои бунёдкориву созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи втандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба  арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Инчунин,даридомаи суҳбат  масъулин аз  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар талиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ёдовар шуда, зикр карданд,ки  баҳри иҷроиши пуррагии қонунҳои мазкур  шаҳрвандон, алалхусусволидайн масъулияти  баланд дошта, ба тарбия ҷавонону наврасон ва фарзандони хеш диққати аввалиндараҷа диҳанд ва баргузории маъракаҳои хурсадиву азодориро дар доираи қонун баргузор намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg