БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ганҷинаест, ки инсонро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад

Ҷ.БАЛХӢ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаи Бобоҷонов-2а, 2б, ҷамоати шаҳраки Балх бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳо ва интизориҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, инчунин паст намудани сатҳи бекорӣ бо сокинон, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раис-мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ва мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола иштирок намуданд.

Вохӯриро муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки сокинони кӯчаи Бобоҷонов-2а,2б, бо як масъулияти баланд ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор амалӣ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабинӣ баргузор намуда истодаанд.

Чорабинии  мазкур бо як ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзу суннату анъанаҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Баъдан Сулаймонова Лола  зимни андешаронӣ  атрофи озмунҳои бо номҳои “Беҳтарин  доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Наққошибеҳтарин”, “Маликаи хатлонӣ”,  “Армуғони хатлонӣ”, “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”  ҳарф зада, беҳтаринҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg