БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ миннатдоранд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар деҳаи Қушличи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  Саидзода Раҳмон Азим дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба  дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27-сол, моҳияти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ибрози андеша намуд.

Дар рафти вохӯрӣ  мавсуф аз озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ёдовар шуда, сокинонро барои роҳандозии Аксияи ҳизбӣ даъват намуд.

Дар охир сокинон ҳадафҳои созандаи ҲХДТғро ҷонибдорӣ карда, барои баргузории вохӯриҳои судманд изҳори миннатдорӣбаён  намуданд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg