БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои миллиро барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагиамон тақвият медиҳем

КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯрӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳаву маҳаллаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Кушониён  дар ҷамоати шаҳраки  Бӯстонқалъа,  деҳаи Дмитров бахшида ба Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гашт.

Дар чорабинии ҳизбӣ ки, ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд,  сокинони деҳа бо як руҳи болида, бо шукргузори аз фазои сулҳу суботи кишвар иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ,  аз қабили анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷотитару тозаи кишоварзони асил, қуроқдузӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошои меҳмонон  гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва дигар шахсони даъватӣ иштиоок ва андешаронӣ намуданд.

Зимнан Мунаввара Сатторова  ҷамъомадагонро бо  фарорасии ҷашнҳои муҳиму таърихии давлату миллат шодбош гуфта,  атрофи  соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада,иштирокдоронро барои ватандӯстӣ,  дар роҳи дуруст  тарбия кардани ҷавонону наврасон ва  ҷалбионҳо бар корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg