БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи касбу кори хонагӣ дар маҳал

КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Қ.Зардаков доир гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории ин чорабини корманди ҳизб баромад намуда, иброз дошт, ки барои дастгирӣ ва равнақу ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, инчунин баҳри муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли  2018 аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат барои ҳунармандон боиси сарфарозӣ буда, барои тараққӣ додани ҳунарҳои қадимаи миллӣ шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст. Дар баробари ин барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани занҳои хонашин ва ба ин восита беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки ҳамаи ин тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини зинагии шоистаи мардум равона шудааст ва барои даст ёфтан ба ин ниятҳои нек бояд дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин касбу кори хонагиро низ эҳё намуда, равнақу ривоҷ бахшем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg