
ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар Муассисаи давлатии Маҷмааи варзишии ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, баланд бардоштани обрӯ ва нуфӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, бо ҳамин роҳ пешгирии ҷавонон аз амалҳои ношоиста, ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу равияҳои гуногуни ифротию террористӣ, татбиқи қонунҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳуқуқи инсон арзиши олиест, ки давлат дар асоси Конститутсия ҳифз менамояд, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - соли парвозҳои баланд дар самти муаррифии Тоҷикистон ба сифат давлати дорои мавзеъҳои нодир ва фарҳангу тамаддуни бою қадимӣ, саҳмгузорӣ дар созандагиву ободкориҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба як қатор аъзои навинтихобшуда ба сафи ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.