БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!

Ҳамватанони гиромӣ!

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳар яки Шуморо ба фарорасии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбирику шодбош мегӯяд. 

Воқеан, мардуми озоди Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр бо таҷлили ботантанаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳуввияту асолати миллии хешро собит намуда, шарафмандонаву суботкорона ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ қадам гузошта истодаанд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст. Зимнан, бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷост, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад. Ин вижагиҳои азалии миллати тоҷикро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст, бараъло эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”.

Ҳамчунин, барои мо халқи тамаддунофари тоҷик боиси саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат – истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ барои худамон қонуни асосии кишварамонро эҷод кунем. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад.

 Ҳамзамон, Конститутсия пеш аз ҳама ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт ва он санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои конститутсионии худро мешиносад ва аз он баҳравар мегардад.

Аз ин рӯ, биёед дар баробари эътироф, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, мо низ дар самти эҳтиром, риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун масъулият нишон диҳем. Зеро ин амали мову шумо дар назди давлату ҷомеа яке аз нишонаҳои зарурӣ ва тақозои тағйирнопазири ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба ҳисоб рафта, яке аз талабот ва муқарраротҳои ҳатмии Конститутсия маҳсуб меёбад.

 Бо назардошти ин, дар Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таманнои онро дорем, ки ҳазорсолаҳо миллати тоҷик дар паноҳи Конститутсия ва Конститутсия ифодакунандаи истиқлолияти миллати тоҷик бошад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

ш. Бохтар, 6 ноябри соли 2018

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg