БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр!

Шӯрои Марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” якояки Шуморо ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади барои кишвар ва мардуми сарбаландамон бағоят муҳим ба ҳисоб рафта, сирф дар асоси манфиатҳои миллӣ қабул гардидааст, самимона шодбош мегӯяд.

Имрӯз хушбахт аз онем, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдории худро бар пояи Конститутсия мустаҳкам ба даст гирифта, барои ояндаи ободу осудаамон талош меварзем. Мо дарк менамоем, ки Конститутсия соҳибистиқлолии кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ инъикос намуда, баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои моро таъмин месозад.

Аз дигар тараф, бо қабули Конститутсия мо тавонистем роҳи давлатдории худро мустақилона интихоб намоем ва нагузорем, ки ҳеҷ кас аз берун ақида ва роҳу равиши хосеро сари мо таҳмил кунад. Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфтаанд: “Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд. Аз ин рӯ, аҳамияти таърихии Конститутсия низ дар он ифода мегардад, ки барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид”.

 Баёни ин воқеият ирода ва рӯҳу тавони миллати тоҷик, махсусан, мо ҷавононро дар роҳи ватандориву ватансозӣ, ки дар асоси риояи меъёрҳои конститутсионӣ бунёд ёфтаанд, дучанд месозад. Зеро мо ба хубӣ дарк мекунем, ки Конститутсия болотар аз як санади муқаррарии меъёриву ҳуқуқӣ буда, ҳамчун шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бо тақдирсоз будани худ дар миёни мардум ба сифати Бахтнома маъруф гаштааст.

Бо назардошти ин мо ҷавонон – Созандагони Ватан ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат тавассути ҳифзу гиромӣ доштани меъёрҳои Конститутсия саҳми худро дар ободии ватан ва хушбахтии ҳамватанон мегузорем.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҷавонони саодатманди кишвар муборак бод!

ш. Душанбе, 6 ноябри соли 2018

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg