БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳаққу ҳуқуқи бунёд дар бахтномаи мо...

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо  дар ташкилоти ибтидоии  ҶДММ   “Баракат-ЛТД»  дар  ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ бо иштироки  раиси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  Шаропов  Ҳомид  доир гардид.

Дар назди ҷамъомадагон  Шаропов Ҳомидҷон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,  озмунҳои ҳизбӣ,  бо ҷалби шахсони саховатманд,фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ кардани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳал намудани  мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зисти сокинон, обод кардани  манзили зист, кӯмак расонидан ба шахсони ниёзманди ҷомеа, ки ин ҳама аз иқдомоти  созандаи ҲХДТ  ва  ҳадафҳои барномавии он  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои дар амалтатбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ даъват намуд.

Инчунин, дар идома Шаропов Ҳомид  аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳамчун ҳомии ҳуқуқҳои  шаҳрвандон,  Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада, онҳоро барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои  таърихиву миллӣ табрик гуфта,  раҳнамоӣ кард.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg