БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷалби сокинони маҳал ба корҳои созандагӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ

А.ҶОМӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, пайваста вохӯриву мулоқотҳо баргузор гашта истодаанд.

Ин навбат масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Нусратулло Махсум»-и деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳия бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки сокинони деҳа  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории  Аксияи ҳизбӣ ҷалби  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳали зист, таъмиру азнавсозии роҳҳои фарсудашуда, таъмиру тармими муассисаҳои таълимии деҳа ва синфхонаҳои иловагӣ ва ба нақша гирифтани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки маълумотҳои гирифтаашонро дар байни аҳолии деҳа ташвиқу тарғиб  намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg