БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари таърихи бостони миллатанд

ҶАЙҲУН. Дар деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Фарҳод Обидзода доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзии дастранҷи мардуми маҳалла ба намоиш гузошта шуда буданд. Гузашта аз ин дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуданд, ки тавонистанд бо  ҳунари кадбонугии хеш дили касро ба ҳавас оранд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи нави ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкониятҳо дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин,  Шомаҳмадова Ҷумаъгул иброз дошт, ки эҳтироми ҳунарҳои мардумӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарқкунандаи миллӣ надоранд. Вале мо-тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллии мо дар либоси мо низ таҷассум  ёфтааст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg