БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муборизаи дастаҷамъона бар зидди паҳншавии ВИЧ/СПИД амали хайру савоб аст!

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зидди СПИД» сурат гирифт.

Назаров Алиҷон зимнан дар бораи муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи  Конститутсия ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта,  Конститутсия бобҳои он ва зарурати се маротиба ба Конститутсия ворид кардани тағйироту иловаҳоро шарҳ дод.

Сипас, мавсуф  дар ҳузури ҳозирин зарурат ва аҳамияти муқовимат бо вируси норасоии масъунияти одам сухан ронда, кормандони ин ташкилотро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди ВНМО/СПИД даъват кард.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ  сардухтури ин Марказ, вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳия А. Маҷидов иштирок ва суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg