БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия санади тақдирсози мо

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар нимсолаи дуюмисоли 2018 вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Маҳмадсаид Раҷабзода  дар деҳаи баландкӯҳи Муродбахши чамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  баргузор гардид. 

Зимнан Раҷабзода Маҳмадсаид вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, мақсади ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонида, атрофи самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафари кории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ба  ВМКБ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ кард.    

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоат  Наҷмиддинов Хушбахт фикру андешаҳои хешро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, алалхусус пешгирии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои  хатарноки  бадхоҳони давлату миллат, ташкилоти террористии дар кишвар мамнӯъ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсози миллат баён карда, иштирокдоронро барои  саҳм гузоштан дар ободии Ватан ва осудагии рӯз, инчунин бо ҷашнҳои дарпешистода табрику муборакбод гуфт.   

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg