БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тавсияҳои судманд ба хотири рушди анъанаҳои неки ниёгон

Ҷ. БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Ҳавдаксойи назди ташкилоти ибтидоии “Гулбаҳор”-и  ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок дошта,  оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, аз байн бурдани бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон, алалхусус ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ,  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинонро барои ҷашнҳои таърихии дарпешистодаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба фаъолият шурӯъ намудани чархаи якуми НОБ-и Роғун  шодбош гуфтанд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин аз намогиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, барои боз ҳам рушд додани анъанаҳои неки ниёгон ва бо дастовардҳои сазовор ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳои нек доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg