БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тафаккури ҷомеа барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ омода гаштааст!

ПАНҶ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо ибтикори  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар маҳаллаи Деҳи Муллои ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» чорабинии сиёсӣ таҳти унвони «Мубориза зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ» роҳандозӣ гардид.

Нахуст, чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва мушкилоти  муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари терроризму экстремизм таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо  ба ҳисоб меравад. Ин хатар ба Тоҷикистони азизи мо, ки бо яке аз бузургтарин давлатҳои истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар Афғонистон ҳамсарҳад мебошад, таҳдид менамояд. Лозим аст, ки дар баробари дигар тадбирҳои мубориза бар зиди  ин паёомади хатарзо дар мафкураи аҳли ҷомеаи кишвар, махсусан ҷавонон  муқовимат бар зидди ин вабои асрро тарбия намоем.

Шомаҳмадзода Музаффар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуботи Кумитаи иҷроия  зимни суханронӣ оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва озмунҳои «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” бахшида ба Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ намуд.

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ бо қувваи сокинони маҳал ҷиҳати роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” тӯйи суннатии 3 нафар дӯстрӯякони маҳал баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни ҷамъомад бошандагони деҳа  намоиши ҳунарҳои мардумии маҳалро, ки аз маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллии хонагӣ иборат буданд, роҳандозӣ намуданд, ки меҳмонон аз он дидан карданд.

Баҳри ҳавасмандии иштирокдорон аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба беҳтаринҳо  Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо рақсу сурудҳои дилнишини ҷавонони маҳал  ҷамъбаст гардид.

 

 

                                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg